31 Май 2026 - 16:32
Source: ABNA
Даҳшати саҳёнистҳо аз як таҳдиди нав дар соҳили ғарбӣ

Гузоришҳои расонавӣ ҳакӣ аз он аст, ки кабуси ҳавоииҳои бесарнишин (дронҳо), ишғолгарони саҳёнистиро аз Лубнон то соҳили ғарбӣ пайгирӣ мекунад.

Ба гузориши агентии хабарии Абна, хабарнигори низомии шабакаи исроилии i24 News гузориш дод, ки садҳо ҳавоии бесарнишин дар соҳили ғарбӣ кашф шудаанд ва таҳдиди ин дронҳо ба як масъалаи ҳассос дар ин минтақа табдил ёфтааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки артиши режими сиёнистӣ шиддати ҳамлаҳои худро дар минтақаҳои гуногуни Фаластини ишғолӣ афзудааст, зеро гузоришҳое гирифта, ки ҳавоииҳои бесарнишини аз тарафи соҳили ғарбӣ ба парвоз даромада метавонанд ҳамчун таҳдид алайҳи минтақаҳои дигар ва на танҳо шаҳракҳои ишғолии соҳили ғарбӣ амал кунанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳавоииҳои бесарнишине, ки аз соҳили ғарбӣ ба парвоз медароянд, метавонанд ҳатто ба маркази сарзаминҳои ишғолӣ бирасанд.

Пештар низ расонаҳои сиёнистӣ эътироф карданд, ки ҳавомини минтақаҳои шимолии сарзаминҳои ишғолӣ дар баробари дронҳои Ҳизбуллоҳ комилан боз аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha